во

во
I
[وا]
боз, кушода, яла: во кардан кушодан, яла кардан (мас., дару тирезаро); во шудан (гаштан, гардидан) а) кушода (боз, яла) шудан; б) киноя аз таъсис ёфтан, бунёд гардидан; даҳон во будан ҳайрон будан, дар тааҷҷуб будан; лаб во кардан гап задан, сухан кардан; чашм во кардан нигоҳ кардан, нигаристан
◊ чашми касеро во кардан касеро аз ҳақиқати чизе бохабар кардан; (ногаҳон) аз асли чизе воқиф кардан; чашми касе во шудан боилму маърифат шудан, босавод шудан; огоҳ шудан аз сирру асрори ҷаҳон; чашми рӯз во шуд субҳ дамид, рӯз шуд
II
[وا]
шакли кӯтоҳшудаи вой; во аҷаб!, во аҷабо! нидое, ки ҳангоми тааҷҷуби сахт мегӯянд; во дареғо! нидо эй дареғ!, вой афсӯс!; во ҷигарам! вой ҷигарбандам! (нидои таассуф, ки дар мотами фарзанд ва хешу табори наздик мегӯянд)
III
[وا]
бо баъзе феълҳо пайваста, маънои «пас»-ро медиҳад: вогирифтан пас гирифтан, гашта гирифтан; вомондан ақиб мондан; гоҳо ба маънии «дубора» ва «боз» меояд: вогуфтан боз гуфтан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужен реферат?
Синонимы:

Антонимы:


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»